ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Дар Душанбе як барномаи нави мобилии "Соҳибкор" муаррифӣ шуд, ки ба зудӣ дар майдонҳои бузурги интернетӣ пайдо мешавад.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Барномаро аз Play Market ва AppStore боркашӣ кардан мумкин аст.
Рӯнамоии барномаи нав аллакай дар Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" бо ширкати ассотсиатсияҳои соҳибкорон, тоҷирони ҷавон ва намояндагони бахши хусусӣ баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, ки замимаи мобилии "Соҳибкор" ҳамчун пойгоҳи иттилоотӣ барои дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар кишвар хизмат хоҳад кард.
Тавассути ин барнома корбарон метавонанд дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳама гуна маълумоти заруриро пайдо кунанд.
Ҳамин тариқ, он маълумотро дар бораи нақшаи аудит, ки дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад, дар бар мегирад.