ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ду мард мошини "Порше" - ро аз сокини шаҳри Душанбе насия гирифта, онро фурӯхта маблағашро аз худ кардаанд.
Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса мардони 45 ва 35-сола, сокинони шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдатро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки номбурдагон, аввали соли равон дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев аз марди 35-солаи сокини пойтахт 1 автомашинаи тамғаи “Порше”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтаанд.
Мақомот мегӯянд, ин ду нафар ба соҳиби мошин ваъда додаанд, ки маблағашро баъд аз 2 моҳ бармегардонанд, аммо мошинро фурӯхта, 3 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимондаро ба ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Вақтҳои охир дар навори хабари мақомоти умури дохилӣ аз ҳолатҳои қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин зиёд иттилоъ дода мешавад.
Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.