Абдуллоҳ бо намояндаи Қатар аз ояндаи Афғонистон гуфт: давлате бо хостаҳои мардум бошад

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини ин кишвар бо Мутлақбин Маҷид Ал-Қаҳтанӣ, намояндаи вижаи Қатар ояндаи Афғонистонро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, дар ин дидор бо Мутлақбин аз мақомоти Қатар барои саҳмашон дар тарҳи сулҳи Афғонистон изҳори миннатдорӣ карданд.
Ба иттилои Абдуллоҳ, дар мулоқот бо намояндаи вижаи Қатар ду тараф ба зарурати идомаи муколамаи сиёсӣ таъкид кардаанд.
"Дар натиҷаи муколамаи сиёсӣ бояд давлате ба вуҷуд ояд, ки машрӯияти миллӣ ва байналмилалиро касб кунаду хостаҳою иродаи мардуми Афғонистон дар он мунъакис шаванд", - изҳор доштааст раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон аз натиҷаи мулоқот бо намояндаи вижаи Қатар.
Суҳбат аз давлати оянда дар ҳолест, ки ахиран РИА Новости хабар дод, ки Толибон* шӯрои 12-нафариро барои идора кардани Афғонистон, таъсис медиҳанд, ки феълан номзадии танҳо 7 нафар мувофиқа карда шуд.
Шойгу: дастёбии Толибон* ба силоҳҳои зиёд таҳдид ба Русия аст
Дар феҳрасти афроди мувофиқашуда Абдулғанӣ Бародар, Мулло Ёқуб, Халилраҳмон Ҳаққонӣ, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай, Ҳаниф Атмар ва Гулбеддин Ҳикматёр (раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон") дар Афғонистон зикр шудаанд.
Созмони Толибон* баъди ғасби музофоти Афғонистон 15 август вориди Кобул шуданду 16 август аз анҷоми ҷанг дар кишвар эълон карданд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар