ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Сарвазири пешини Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев аз зиндон озод шуда дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Тибқи гузориши манбаъ, нисбати сарвазири пешин чораи пешгирӣ тағйир дода шуд. Муайян карда шудааст, ки Абилғозиев ба сифати ҷуброни зарар 50 миллион сом (наздики 44 миллион рубли русӣ) пардохт кардааст.
Ҳоло ӯ то анҷоми тафтишот дар ҳабси хонагӣ хоҳад буд.
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев солҳои 2018-2020 ҳукуматро сарварӣ кард. Ӯро 26 январи соли равон баъди бозпурсӣ боздошт карданд.
Сарвазири собиқ дар фасод ва аз худ кардани бойгарии давлат гумонбар дониста мешавад.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфт, ки Абилғозиев барои қонунигардонии дороиҳо амволи манқул ва ғайриманқулро дар Бишкек, вилоятҳои Чуй ва Иссиқкӯл харидааст ва ҳамчунин ба сохтмон сармоягузорӣ кардааст.
Рӯзи 28 январ Абилғозиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуду бинобар вазъи саломатиаш ӯро барои табобат ба клиникаи хусусӣ интиқол доданд.