Ба хонаи тағояш рафту кордкашӣ кард: боздошти ҷавони 22-сола дар Душанбе

Марди ҷароҳатбардошта дар бемористон бистарӣ будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне хабар додааст, ки даст ба кордкашӣ задааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 23 август дар Душанбе рух додааст.
Манбаъ менависад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
"Номбурда, рӯзи 23-юми августи соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо тағояш, марди 44-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба кафаси синааш задааст", - омадааст дар гузориши ВКД.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Муноқишаи нимашабии зани 26 - сола бо ҳамсоя, ба кордкашӣ анҷомид
Инчунин, нисбати ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ӯ рӯзи 17-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар назди мағозаи "Набиҷон", воқеъ дар маҳаллаи 12-уми шаҳри мазкур бо марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ӯро лату кӯб кардааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.