Миллионерҳои тоҷик: Абдурозиқ Дубай рафту аз Шабнам ҳам "бойтар" шуд

Ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ, овозхони ғайриоддии тоҷик Абдурозиқ соҳиби раводиди тилоии АМА шуд, бо Burak бургер пухт бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов акс гирифту ҳамвандони бештареро ба саҳифааш дар Instagram ҷалб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Блогери машҳури тоҷик, Абдурозиқ пас аз сафар ба Аморати Муттаҳидаи Араб аз ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ҳам "бойтар" шуд.
Ҳамакнун ҳаёт ва фаъолияти Абдурозиқро беш аз 1 милллиону 200 ҳазор кас пайгирӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки Шабнами Сурайё пештар аз Абдруозиқ "миллионер" шуда буд, вале ҳоло ҳамвандони овозхон 1 миллиону 100 ҳазор касро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тавр, барои шӯҳратёр шудани Абдурозиқ сафари дуюмаш ба Дубай, нақши бузург бозид, зеро дар ин шаҳр ӯ бо ашхоси машҳур ошно шуд.
Абдурозиқ бо шеф-повари машҳури турк Burak як бургери бузург пухту бо ӯ аксбардорӣ кард.
Ҳамчунин ӯ бо паҳлавони шикастнадидаи ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов аксбардорӣ кард.
Дар баробари ин Абдурозиқ ахиран аз гирифтани визаи тиллоӣ хабар дод.
Аз наворе, ки блогери машҳури тоҷик дар саҳифааш нашр кардааст, дида мешавад, ки як мақомдори АМА ба Абдурозиқ раводиди тиллоӣ медиҳад. Ин раводид ба Абдурозиқ имкон медиҳад, ки то 10 сол озодона дар Аморати Муттаҳидаи Араб кор ва зиндагӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн низ Абдурозиқ ба Дубай сафар карда буд ва он ҷо бо тими миллии АМА "Ал-Васл" шартномаи ҳамкорӣ баст.
Абдурозиқ аз мағлуб кардани Хасбулло то орзуи мошини махсусу роҳати падар гуфт - навор
Ҳамчунин Абдурозиқ барои доир намудани муҳориба бо ҳамсолу ҳамвазни худ Хасбулло ба Доғистон рафта буд ва суҳбати рӯбарӯи онҳо дар шабакаи Youtube ба яке аз барномаҳои сербинандатарин табдил ёфт.
Абдурозиқ дар давоми як шабонарӯз миллионер шуд
Ин се сафари муҳим дар ҳаёти Абдурозиқ саҳифаи ӯро дар Instagram ҳам серҳамвандтарин карданд.

Топ 5 овозхони серобуначии Instagram

Абдурозиқ- 1,2 миллион
Шабнами Сурайё - 1,1 миллион
Зулайхо Маҳмадшоева - 949 ҳазор
Меҳрнигори Рустам - 811 ҳазор
Фарзонаи Хуршед - 681 ҳазор