Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Аз Карзай то Абдуллоҳу Бародар: 7 раҳбари Афғонистон маълум шуд - Нур ва Дӯстум чӣ?

Афғонистонро шурое иборат аз 12 аъзо идора хоҳад кард, феълан 7 номзад мувофиқа шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Толибон* шӯрои 12 нафараро барои идора кардани Афғонистон, таъсис медиҳанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Толибон*.
Бино ба гузориши манбаъ, дар шӯро намояндагони Толибон*, инчунин президенти собиқ Ҳомид Карзай, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва раҳбари Шӯрои ризоияти миллӣ Абдулло Абдулло шомил хоҳанд шуд.
Феълан, танҳо 7 номзад мувофиқа карда шуд.

"Ҳоло шӯро мувофиқат кардааст (пешбарӣ - таҳрир) Абдулғанӣ Бародар, Мулло Ёқуб, Халилраҳмон Ҳаққонӣ, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай, Ҳаниф Атмар ва Гулбеддин Ҳикматёр (раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон") дар Афғонистон), "гуфт манбаъ.

Вай инчунин афзуд, ки ба шӯро президент Ашраф Ғанӣ, ки аз кишвар фирор кард, шомил нахоҳад шуд.
Музокирот барои таъйини панҷ мушовири дигар идома дорад, аммо гумон аст, ки маршал Абдулрашид Дӯстум ва Муҳаммад Нур шомили ин ниҳоди роҳбарикунанда нашаванд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дувоздаҳ кишвардор: Афғонистонро киҳо раҳбарӣ хоҳанд кард - оё Масъуд ҳам ҳаст?
Пештар маҷаллаи Foreign Policy бо истинод ба пешвоёни ҳаракати Толибон хабар дод, ки Толибон* мехоҳанд Аҳмад Масъуди хурдӣ, писари фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари пешини Эътилофи Шимолро дар шӯрои ҳукмрон бубинанд.
Аммо ба навиштаи нашрия, ин аз эҳтимол дур аст, зеро худи Масъуд ҳоло раҳбарии нерӯҳои муқовимат ба Толибон*, воқеъ дар вилояти Панҷшери Афғонистонро ба ӯҳда дорад.
* - ҳаракати террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст