Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Тоҷикистон коҳиши сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд: омори тозаи вазорат

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва шумори сироятёфтагон дар ҳоли коҳишёбист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 45 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Дар қиёс рӯзи гузашта 49 маврид ба қайд гирифта шуда буд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 45 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 65 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат таъкид доштааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар боқимонд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Роҳи нави ҳифзи кӯдакон аз коронавирус маълум шуд
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16468 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16239 (98,6%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.