ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дабири кулли СПАД Станислав Зас гуфт, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар бораи интиқоли силоҳ аз Тоҷикистон ба вилояти Панҷшер барои мубориза бо ҷунбиши радикалии Толибон (созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) маълумоте надорад.
"Зас ба савол дар бораи иттилои ифтитоҳ шудани долони ҳавоӣ байни Панҷшер ва Тоҷикистон, ки тавассути он силоҳ ба вилояти Афғонистон интиқол дода мешавад, чунин посух додааст: "Мо чунин маълумот надорем".
Қаблан Herat Times дар такя ба як манбаи огоҳ иттилоъ дода буд, ки нерӯҳои муқовимат дар Панҷшер, ягона вилояти холӣ аз Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) тариқи Тоҷикистон силоҳ гирифтаанд.
Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки таҳти назорати ҷангиён нест. Ҷабҳа дар як вилояти кӯҳистонӣ дар шимолу шарқи Кобул фаъол аст, ки аз ҷиҳати аҳолӣ ва масоҳати хурдтарин дар кишвар аст.