Роҳбари маркази дилхушии "Шоми Хатлон"-ро дастгир карданд

Роҳбари маркази дилхуширо барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Роҳбар ва назоратчии маркази дилхушии "Шоми Хатлон” барои вайрон кардани тартиботи шабона ҳабс шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе.
Бино бар иттилои манбаъ, масъулони тарабхонаи "Шоми Хатлон" воқеъ дар маркази пойтахт тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намудаанд.
Ҳабси роҳбар ва назоратчии маркази дилхушии "Шоми Хатлон”
Гуфта мешавад, марказ берун аз вақти муқарраргардида фаъолияташро идома додааст.
"Мизоҷонаш дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақорат оромии шаҳрвандону сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона вайрон намудаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ҳабси роҳбар ва назоратчии маркази дилхушии "Шоми Хатлон”
Ин амали онҳо боиси норозигии шаҳрвандон гардида, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ маъмурияти ин маркази дилхушӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд.
Ҳамин тавр, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ роҳбари марказ Ғолибҷон Мирови 23-сола ва назоратчии "Шоми Хатлон" Сомон Шерови 22-сола ба мӯҳлати 5 шабонарӯз ҳабс шудаанд.