ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки обу ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, асосан бебориш мебошад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад ҳаво камабр буда, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд.
Гуфта шудааст, ки дар бархе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе минтақаҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабру бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.