Охирин хабарҳо аз Панҷшер: "аз Душанбе силоҳ нагирифтаем"

Ҷабҳаи муқовимат, ҳаммаслакони Аҳмади Масъуд гирифтани силоҳ ва ҳама гуна кӯмакро тариқи Душанбе рад карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Як манбаъ аз ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилои роҳандозии ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистонро рад кард.
"Ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст", - гуфт намояндаи ҷабҳа.
Вай афзуд, ки Панҷшер феълан бо ягон давлат иртиботҳои ҳавоӣ надорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, Ғанӣ бо чӣ миқдор пул фирор кард
Бино бар хабарҳои охирин, ягона вилояти озод аз Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) дар муҳосираи ҷангиён аст. Дар ҳамин ҳол, ҳарду ҷониб ҳам изҳор медоранд, ки омодаи гуфтушуниданд.
Пештар бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки ба Панҷшер аз Душанбе силоҳ расонида шуд.