ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Нишасти навбатии СПАД 16 -уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод. Ин маълумот пас аз мулоқоти президентҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар шакли видео сурат гирифт, нашр шуд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои амниятиро дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ва инчунин масъалаи паноҳандагони афғон баррасӣ карданд.
Ба эҳтимоли зиёд, дар нишасти навбатии сарони СПАД мавзӯи асосӣ низ Афғонистон хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳамин санаҳо - 16-17 сентябр дар назар аст.
Ҳамин тариқ, роҳбарони ду созмони бузург якбора барои муколама ҷамъ меоянд. Тоҷикистон дар соли 2021 ҳам СҲШ ва ҳам СПАД -ро раҳбарӣ мекунад.