Ташвиши Раҳмон аз иҷро нашудани супоришҳояш дар корхонаҳои калон: ба давлат хатар дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо изҳори ташвиш аз иҷро нашудани супоришҳояш дар мавриди идораи самараноки бархе корхонаҳои бузурги давлатӣ, аз хатари онҳо ҳушдор дод. Ӯ хост корхонаҳои аз аз фаъолият бозмонда ба соҳибкорону сармоягузорон дода шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон идора ва фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатӣ, ки назорати онҳо ба уҳдаи Вазорати молия вогузор шудааст, ташвишовар хонд.
Ӯ афзуд, ки дар ин хусус аз ҷониби роҳбари давлат ба масъулин супоришҳо дода шуданд, аммо то ҳол корхонаҳои мазкур бо сабаби зиёд гардидани уҳдадориҳо ва зарари ҷамъшудаи онҳо ҳамчун сарчашмаи хавфи асосии фискалӣ барои давлат боқӣ мемонанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтари равон дар мулоқот бо масъулини молия далел овард, ки соли 2020 аз 27 корхонаи азим даҳ корхона фаъолияти худро бо зарар ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ ҷамъбаст кардаанд.
"Илова бар ин, аз ҷониби корхонаҳои мазкур дар ин давра нақшаи андозҳо ба маблағи умумии 600 миллион сомонӣ таъмин нагардид ва чунин вазъ ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонид", - таъкид намуд Раҳмон.
Дар қатори масъалаҳое, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд Эмомалӣ Раҳмон гузаштани корхонаҳо ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, гузаронидани аудити ҳатмии ҳарсола ва нашри ҳисоботи молиявии онҳо дар воситаҳои ахбори омма гуфт.
“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зарур хонд, корхонаҳои давлатии аз фаъолият бозмонда ва фаъолияти ночиздошта, барои барқарор намудани фаъолияти онҳо ба соҳибкорону сармоягузорон пешниҳод карда шаванд.
Ӯ бо зикри таҷрибаи байналмилалӣ изҳор дошт, ки тавассути истифодаи оқилонаи ин механизм сарбории буҷети давлатӣ аз 10 то 20 фоиз коҳиш ёфта, сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар мегардад.