Дар Тоҷикистон замин ҷунбид

Маркази заминларза дар Ӯзбекистон буда, дар натиҷаи он касе осеб надидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Субҳи рӯзи якшанбе, 21 август дар Тоҷикистон заминларза рух дод.
Бино бар иттилои Маркази зилзилашиносии Баҳри Миёназамин, қувваи он 4,2 баллро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, жарфои заминҷунбӣ 15 километр дар қаъри замин ҷойгир аст. Заминҷунбиро олимон соати 7:03 бо вақти маҳаллӣ ба қайд гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Ӯзбекистон низ заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар 479 километрии шимолу шарқии Тошканд муайян карда шудааст.
Аз талафоти ҷониву молӣ гузорише дода намешавад. Се рӯз пеш низ дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дода буд.