Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Бидуни фавт: омори гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз вируси корона ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифо ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз низ, назар ба шумори сироятёфтагон, шифоёфтагон бештар аст.
Ҳамин тавр, 20 август дар ҷумҳурӣ 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз бемористонҳо 53 кас баъд аз табобат, мураххас шудаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Дар маҷмӯъ, аз оғози ҳамагирӣ то 20 август дар кишвар 16374 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16106 нафар (98,4%) шифо ёфтаанд.
Бино бар омори вазорат, ҳамзамон, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт сабт нушадааст ва аз аввали зуҳури беморӣ то кунун 124 нафар ҷон аз даст додаанд.
Панҷ одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунад
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад,, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.