Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Олимон роҳи ғайриоддии муҳофизат аз COVID-19-ро ёфтанд

Олимон ҳушдор медиҳанд, ки аз ин усул танҳо дар оғози сироят шудан истифода кардан мумкин аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Олимони Донишгоҳи Йел (ИМА) гуфтанд, ки бемории зуком инсонро аз COVID-19 муҳофизат мекунад, менависад Известия.
Муҳаққиқон дар озмоишгоҳ бофтаи роҳи нафасро парвариш карданд. Сипас онро бо риновирус, ки боиси зуком мешавад сироят намуданду баъд бо коронавирус гирифтор карданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Пас аз тамос бо риновирус, низоми масуният фаъол шуд ва паҳншавии SARS-CoV-2 қатъ гардид.
Коршиносон шарҳ доданд, ки сухан дар бораи генҳое меравад, ки бо интерферон ангезонида мешаванд, ки дар марҳилаи аввали беморӣ фаъол мешаванд ва аз афзоиш ёфтани вирус дар бадани бемор ҷилавгирӣ мекунанд.
Онҳо умедворанд, ки кашфи онҳо дар пайдо кардани роҳҳои муассири мубориза бо коронавирус кумак хоҳад кард.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оқибатҳои ногувори COVID-19, ки метавонад то абад инсонро домангир бошад
Қайд карда мешавад, ки ин усули табобатро танҳо дар оғози беморӣ истифода бурдан мумкин аст.
Пас аз сироят шудан, чунин табобат хатарнок аст, зеро сатҳи баланди интерферон метавонад системаи иммуниро аз ҳад зиёд ҳавасманд кунад, ки ҷараёни COVID-19-ро бадтар мекунад.