ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, рӯзи 21 август, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кутоҳмуддат меборад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 28+33 дараҷа мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +19 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кутоҳмуддат борида раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +37 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +39 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +34 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо то +39 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +36 дараҷа гарм мешавад.