ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон то имрӯз дар ин кишвар 1,7 миллион тоҷик ба сар мебаранд.
Тибқи иттилои ин ниҳод тоҷикон баъди ӯзбекҳо теъдоди бештарини аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Шумораи ӯзбекҳо 29 миллион (84,4%) аст.
Хабар дода мешавад, ки аз соли 1989 то кунун ин рақам ду баробар зиёд шудааст.
Дар ҷои сеюм пас аз тоҷикон қазоқҳо меистанд. Теъдоди онҳо дар Ӯзбекистон 821,2 ҳазор нафар аст.
Баъд қароқалпоқҳо (752,7 ҳазор) ва русҳо (720,3 ҳазор). Намояндагони дигар миллатҳо ва қавмҳо дар Ӯзбекистон инҳоянд:
қирғизҳо - 291,6 ҳазор;
туркманҳо - 206,2 ҳазор;
татарҳо - 187,3 ҳазор;
куреиҳо - 174,2 ҳазор;
украиниҳо - 67,9 ҳазор нафар;
озарбойҷониҳо - 41,2 ҳазор;
белорусҳо - 18,5 ҳазор
дигар қавму миллатҳо - 426,4 ҳазор нафар.
Бояд қайд кард, ки теъдоди шаҳрвандони доимии Ӯзбекистон аз аввали сол 34,6 миллион нафарро ташкил дод.