Дар вилояти Суғд таъмири роҳи Зафаробод - Бекобод то сарҳади Ӯзбекистон оғоз ёфт

Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки таъмир ва мумфаршкунии 5 км роҳи автомобилгарди Зафаробод - Бекобод то сарҳади Ӯзбекистон оғоз ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд дар доираи корҳои ободонию созандагӣ мумфаршкунии 5 км роҳи автомобилгарди Зафаробод -Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзидаааст.
“Дар ноҳияи Зафаробод низ дар ин раванд даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёду навсозӣ шуда, мардум бо руҳияи баланд баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ талош намуда истодаанд”, - таъкид доштааст Раҷаббой Аҳмадзода.
Соҳибкорони Балҷувон ба корҳои соҳилбандӣ ва роҳсозӣ ҷалб гардиданд
Бояд гуфт, ки роҳи мумфаршшаванда дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод ҷойгир буда, дарозии умумии он 34,2 километр аст.
Масоҳати роҳи мумфаршшаванда бошад 5 км аст ва паҳноии он 7 метр мебошад.
Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷроуд” аст.