ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба назар мерасад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳангоми хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон силоҳ ва техникаи қасдан бо мақсади таҳкими Толибон партофта рафтанд, мегӯяд полковники мустаъфӣ Виктор Баранетс, коршиноси соҳаи низомӣ.
Вай қайд кард, ки аз 300 000 сарбози афғон тақрибан сеяки онҳо ба ҷангҷӯён пайвастанд. Ин маънои онро дорад, ки сарбозони омӯзонидашуда дар артиши Толибон пайдо шудаанд.
"Ва комилан имконпазир аст, ки онҳо артиши 160 -ҳазорнафариро ба шимол - Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳаракат бубаранд", - бо эҳсосот гуфт коршинос.
Баранетс қудрати эҳтимолии низомии Толибонро бо шумораи нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса карда, қайд кард, ки ин нишондодҳо умуман дар ҷониби Тоҷикистон ва Узбекистон нестанд.
Коршинос афзуд, бовар кардани он ки Амрико тасодуфан ҳама аслиҳаву муҳимотро ба Толибон гузоштааст, ғайриимкон мебошад.