ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Пизишки аллерголог-иммунолог Владимир Болибок изҳор дошт, ки мардон дар қиёс бо занон ба бемории COVID тезтар "тан" медиҳанд. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиб бо ожонсии "Ura.ru" сухан гуфт.
Ба гуфти ӯ ҳормонҳои занона ва мардона ба ҳосил кардани масъуният ҳар хел таъсир мекунанд.
"Сатҳи истеҳсол кардани антител дар мардон каме пасттар аст", - қайд кард коршинос.
Болибок қайд кард, ки системаи масунияти занон то худи вирус мерасад, воридшавии антитела ба ҳуҷайраҳои сироятшуда осонтар аст.
"Ин чиз хусусияти баръакс ҳам дорад: занҳо бештар ба бемориҳои аутоиммунӣ гирифтор мешаванд, яъне вақте антителаҳо ба ҳуҷайраҳои бадан ҳуҷум мекунанд", - афзуд пизишк.
Пештар Болибок изҳор дошт, ки масъуният аз COVID-19 то 8 моҳ инсонро аз сироятшавӣ муҳофизат мекунад.