Додугирифти пул нақдист: Раҳмон яке аз сабабҳои коррупсияро гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, яке аз омилҳои коррупсионӣ дар ҷумҳуриро, ҳисоббаробаркуниҳо тариқи нақдӣ хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон нигаронӣ кард, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ риоя намешаванд.
"Ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бештар ба таври нақдӣ пардохтани маблағи боҷу хироҷ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳо ҷой доранд, ки боиси ба миён омадани қонуншиканиҳо ва омилҳои коррупсионӣ гардида истодаанд", - таъкид кард раисиҷумҳур.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки то имрӯз мубодилаи маълумот дар байни вазорату идораҳо дар шакли электронӣ васеъ роҳандозӣ нашудааст.
Яъне то ҳол қисми амалиёти молиявӣ ва коргузорӣ бо усулҳои куҳна анҷом дода мешавад, ки ба самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст, тавзеҳ дод ӯ.
"Дар аксар мавридҳо маълумоти зарурӣ оид ба воридоти андозҳо, боҷу хироҷ, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо, инчунин, маблағгузории кору хизматрасониҳои иҷрошуда, ки аз буҷети давлатӣ ба субъектҳои хоҷагидор равона шудаанд, ба мақомоти дахлдори назоратӣ дастрас карда намешавад", - илова намуд раисиҷумҳур.
Раҳмон ба мақомдорон: мақсад аз Кодекси нав зиёд намудани сарбории андоз нест
Вазорати молия якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор муваззаф шуд, ки барои рафъи камбудиҳои зикршуда чораҷӯӣ намуда, дар доираи ҳуҷҷатҳои қабулгардида барои рақамикунонии пурраи низоми молияи кишвар тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон ҳоло маблағгузории электронӣ дар байни 8400 муштарӣ, ки аз низоми иттилоотии идораи молияи давлатӣ истифода мебаранд, мустақиман ба роҳ монда шудааст, вале ин ба гуфтаи ӯ ҳанӯз кофӣ нест.