Рӯзи 20 август дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1896 телефони рақамӣ ихтироъ карда шуд.
Соли 1913 дар Киев аввалин олимпиадаи варзишии умумирусиягӣ баргузор шуд.
Соли 1925 дар Рим аввалин хати метро ба истифода дода шуд.
Соли 1934 ИМА ба Созмони байналмилалии меҳнат ҳамроҳ шудааст.
Соли 1945 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.
Рӯзи 20 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2011 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"- ро имзо намуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Раҳмон бо медали "60 — солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонида шуданд.
Соли 2013 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.
Соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ оғоз гардид.
Соли 2016 дар варзишгоҳи "Авиатор" — и шаҳри Душанбе миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хайр" бозии чорякфиналии Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 20 август
Дар Тоҷикистон – Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.
Дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият.
Рӯзи 20 август кӣ ба дунё омадааст
Соли 1710 — Томас Симпсон (соли даргузашт 1761), риёзидони англис.
Соли 1901 — Салваторе Квазимодо (соли даргузашт. 1968), шоири итолиёӣ, дорандаи ҷоизаи Нобел (1959).
Рӯзи 20 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1936 — шоир Наимҷон Назрӣ.
Соли 1939 — шоир Мақсуд Гулчин.
Рӯзи 20 август кӣ вафот кардааст
Соли 1854 — Фридрих Шеллинг (соли таваллуд 1775), философи олмонӣ.
Соли 1882 — граф Федор Петрович Литке (соли таваллуд. 1797), шиновари русиягӣ, таҳқиқгари Арктика, президенти Академияи илмҳои Русия (1864—1882), асосгузори Ҷамъияти ҷуғрофии Русия.