Толибон дар Афғонистон издиҳоми мардумро тирборон карданд: чанд кас фавтид

Ҷангҷӯён ба ҷониби сокиноне, ки ба муносибати Рӯзи истиқлоли Афғонистон ба кӯчаҳо баромада буданд, тир холӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҷонибдорони ҷунбиши радикалии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон - Толибон, ба сӯи издиҳоми мардум дар Асадободи Афғонистон оташ кушоданд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Дар натиҷаи тирандозӣ чанд тан кушта шуданд. Аммо шумораи онҳо феълан дақиқ карда нашудааст.
Бино бар иттилои расонаҳо, сокинон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Афғонистон ба кӯчаҳои шаҳр баромада буданд.
Қаблан Толибон ба эътирозгарон дар вилояти Нангарҳори Афғонистон оташ кушода буданд. Эътирозгарон парчами миллии Афғонистонро ҷонибдорӣ мекарданд. Дар пайи ҳамлаи толибон чанд тан кушта ва захмӣ гаштанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Теъдоди қурбониён дар фурудгоҳи Кобул маълум шуд
Илова бар ин, радикалҳо ба рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллӣ ҳамла карданд, ки мехостанд дар бораи эътирозҳо гузориш диҳанд.
Як рӯз қабло аъзои ин ҳаракати террористӣ ба ҷониби издиҳом дар фурудгоҳи Кобул низ оташ кушода буданд.
Бояд гуфт, ки пас аз қасби қудрат аз ҷониби Толибон занон дар Афғонистон нахустин шуда гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо аз толибон ҳуқуқи таҳсил, кор ва ширкат дар умури сиёсиро талаб карданд.