Обуҳавошиносон: дар вилояти Хатлон то 40 дараҷа гарм мешавад

Женщины идут с зонтиками спасаясь от солнца
Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 ва дар баъзе минтақаҳо то -3+2 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ҳаво дар вилояти Суғд камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Девушки отдыхают, архивное фото
Мутахассис гуфт, чаро яхмос дар гармӣ хатарнок аст
Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.