ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Нархи чиптаҳои парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Русия арзон мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Авиатсияи граждинии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистое хабар доданд.
Ҳамин тавр, арзоншавии нархи билет пас аз зиёд шудани шумораи парвозҳои миёни Тоҷикистону Русия имконпазир мешавад.
Ёдрас мешавем, ки 16 август Русия дар бораи афзоиши шумораи парвозҳо бо Тоҷикистон хабар дод.
Мақомот таъйид карданд, ки оғоз аз 27 август, теъдоди парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон аз ду адад ба ҳафт парвоз дар як ҳафта, расонида мешаванд.
Мақомот тасдиқ карданд, ки шаҳрвандони кишвар метавонанд барои хариди чипта ба кассаҳои билетфурӯшӣ муроҷиат намоянд.
Бояд гуфт, ҳукумати Русия аз 1 апрели чоли 2021 парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон аз сар гирифт.