ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0,1539 сомонӣ мебошад.
Қурби доллар бошад, поин рафта, дар ҳудуди 11.2682 қарор дорад, дар ҳоле, ки рӯзи гузашта арзиши 1 доллар 11.3300 буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ низ поин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ поин рафтааст. Дар бозори арзи кишвар як евро 13.2682 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 13.2980 буд.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3229 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.2682 то 13.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1539 то 0.1560 сомонӣ
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.