Тоҷикистонро заминларза такон дод

Нимаи дуюми рӯзи 18 август дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи нав ба қайд гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи 4,1 - баллӣ рух дод, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Заминларза 18 август соати 13:52 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст.
Маркази заминҷунбӣ дар қаъри 15 километр дар зери замин ҷойгир будааст.
Заминларза дар Тоҷикистон
Раштро шаби гузашта боз ду маротиба заминҷунбӣ такон дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти ин заминларзаро шарҳ надодааст: дар бораи талафот ва харобиҳо гузориш нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, маълум аст, ки заминларза дар ҳудуди Ӯзбекистон эҳсос нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки охирин заминларзаи харобиовари 6-баллӣ дар Тоҷикистон 10 июли 2021 рух дода буд. Ин заминларза 165 - километр шимолу шарқи Душанбе ва 21 километр дуртар аз Рашт ва Тоҷикобод рух дод.
Зокирзода гуфт, дар зудтарин фурсат хонаҳои тахрибшуда аз заминҷунбӣ бунёд мегарданд
Дар паи ин ҳодисот, панҷ сокини деҳаи Бӯстон қурбон шуданд, ҳафт нафари дигар, ки дар миёни онҳо чаҳор кӯдак буданд, пас аз заминларза дар бемористон бистарӣ шуданд, даҳҳо хона хароб гардиданд.