ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, таъкид дошт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дастовардҳои 20-солаи кишварро зери по гузошту кишварро номардона тарк кард.
“Ашраф Ғанӣ, ки дирӯз иддаои мубориза дар баробари фасод дошт, худаш моддаи 69 қонуни асосии Афғонистон нақз кард. Ӯ сармояи мардуми Афғонистонро бо худ гирифта, аз кишвар фарор кард”, - қайд кард сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирораш аз Кобул бо худ 169 миллион долларро, ки моли мардуми Афғонистон буд бо худ бурдааст.
Сафир ҳамчунон аз фирори номардонаи раисҷумҳури қаблӣ ёдрас шуду гуфт қаблан ҳадс мезад, ки кишварро ба ҳеҷ гуна тарк намекунам ва дар муқобили Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) то охирин лаҳза истодагарӣ мекунам.
“Ду рӯз қабл Ашраф Ғанӣ бо ҷуръат мегуфт, ман касе нестум, ки монанди Амонуллоҳ фарор кунаму мардуми худро раҳо кунам. Аммо ӯ дар ҳолати изтирорӣ ва ногувори кишвар Афғонистонро тарк кард”, - илова кард Муҳаммад Заҳири Ағбар.
Вай зикр кард, ки Ашраф Ғанӣ бо ин рафтораш тамоми дастовардҳои кишвар ва ниҳодҳои байналмилалиро зери по гузошт.
Пештар баъзе аз расонаҳо бо такя ба дипломатҳо дар сафорати Русия дар Кобул навиштанд, Ашраф Ғанӣ бо худ садҳо миллион долларро бурдааст. Худи Ғанӣ ва наздиконаш то кунун дар ин робита ибрози назар накардаанд.
Ҳоло дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани Ашраф Ғанӣ маълум нест. Қаблан гуфта мешуд, ӯ аввал ба Тоҷикистон омада, сипас ба кишвари севум, эҳтимол ба Умон, рафтааст, аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабарро рад кард.