ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат барои ифтитоҳи филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар вилоятҳои Суғду Хатлон дастур додааст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф шудаанд, филиалҳоро бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигари васоили зарурӣ таъмин намоянд.
Маблағгузории филиалҳо аз ҳисоби худи Донишкада дар мувофиқа бо Вазорати молия ва дигар манобее таъмин мешавад, қонунгузории Тоҷикистон манъ накардааст.
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон аз соли 1991 фаъолият дошта, сарпарасти он Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мебошад. Таъкид ба густариши фаъолияти Донишкада дар ҳолест, ки солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши сайёҳӣ ва саноатикунонии кишварро аз ҳадафҳои афзалиятноки худ қарор додаст.
Раёсати Донишкада дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гузориш дод, ки ҷойҳои нави корӣ дар ин муассиса муҳайё гардида, бо назардошти ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ масоҳати таълимии донишкада ба маротиб васеъ ва шумораи ҷойҳои нишаст ба 7557 адад расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 61 ҷойи нишаст зиёдтар арзёбӣ мегардад.