Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад

Обуҳавошиносони тоҷик хабар доданд, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.