Аввали моҳи июл артиши ИМА шитобкорона Багромро, ки бузургтарин пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Афғонистон буд, тарк кард. Ҳамзамон, нерӯҳо сарбозони афғонро дар бораи рафтанашон, ки мебоист иншоотро таҳти назорат дошта бошанд, огоҳ накардаанд.
Ин боиси ҳуҷуми ҷангиён гардид, ки як қатор биноҳо ва хаймаҳои анборро ғорат карданд. Оқибатҳои дахолати вайронкорон дар давоми се рӯз бартараф карда шуданд.
Аммо, ҳоло таҷҳизот ва аслиҳае, ки амрикоиҳо боқӣ гузоштаанд, ба ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон*, тааллуқ доранд ва қудрат низ дар Афғонистон дар дасти онҳост.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.