ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Намояндаи ҷунбиши радикалии Толибон* гуфт, ки ғайринизомиёни Афғонистон бояд силоҳ ва муҳимоти ҷангии худро ба аъзои ин ҳаракат таслим кунанд, хабар медиҳад расонаҳои ғарбӣ.
"Шаҳрвандони Афғонистон бояд силоҳ ва муҳимоти ҷангии худро ба аъзои ваколатдори Толибон* супоранд", - хабар медиҳад Рейтер бо истинод ба сухангӯи ин ҷунбиш,
Вазъият дар Афғонистон ҳафтаҳои ахир ба таври бесобиқа шиддат гирифт.
Толибон* бо ҳамлаи босуръат тамоми гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд ва 15 август вориди Кобул шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард ва ин корашро ба "пешгирии қатли ом" асоснок кард.
Шаби 16 август сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* Муҳаммад Наим эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид.