ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Вай таъкид дошт, ки дар сурати бӯҳрони навбатӣ коҳиш додани қарзҳо ғайри имкон хоҳад буд, аз ин рӯ, кишварҳои пасошӯравӣ, ки қарзҳои берунаашон бо асъори хориҷӣ зиёд аст, метавонанд ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд.
Ба гуфтаи коршинос, бӯҳрон метавонад замоне сар занад, ки ИМА меъёрҳоро боло бубараду, қарзи асъориро гаронтар созад. Ин ҳолат ба он воқеае шабеҳ хоҳад буд, ки соли 1998 рӯх дода буд. Аммо ин дафъа ба далели он ки захираҳои Русия аз ҳаҷми қарз зиёдтар аст, ба ба кишвари мо ин буҳрон таъсире намерасонад.
Иқтисоддон ёдрас шуд, ки соли 2018, вақте ки меъёрҳо дар Иёлоти Муттаҳида бори охир боло бурда шуданд, Аргентина ва Лубнон ба ҳолати дефолт дучор шуданд, ва дар Туркия бӯҳрони асъор оғоз ёфт. Ин дафъа, ба гуфтаи коршинос, кишварҳои пасошӯравӣ, ки ҳиссаи зиёди қарзҳояшон бо асъори хориҷӣ аст, метавонанд зарари ҷиддӣ бинанд.
“Сухан дар бораи Гурҷистон, Украина, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон меравад. Илова бар ин, бӯҳрон ба баъзе кишварҳои бузург, аз қабили Туркия, Парагвай ва Ветнам таъсир хоҳад расонд”, - Андрей Русетский.
Коршиноси рус илова кард, ки қурби шинокунандаи асъор яке аз усули мӯътадилсозии иқтисод аст, ки имкон медиҳад нобаробарии ҷамъшударо баробар кунад.
“Аз ин рӯ заиф шудани пули миллӣ дар кишварҳои дорои сатҳи таварруми баланд ва инчунин дар кишварҳое, ки воридот аз содирот зиёдтар аст, як раванди табиист”, - қайд кард Русетский.