Созишҳои нави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди марз

Израильские пехотные солдаты входят в сектор Газа из Израиля с боевым заданием, архивное фото
Вохӯрии намояндагони мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи минтақавӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Намояндаи ваколатдори президент дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид анҷом доданд, хабар медиҳанд расонаҳои қирғизӣ.
Дар муколама намояндагони мақомоти минтақавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат доштанд. Мавзӯи асосӣ ҳодисаи тирандозӣ дар марз дар аввали моҳи август буд.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница.
Маълум шуд, кай аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом меёбад
Дар натиҷаи мулоқот баъзе созишҳо ба даст омаданд.
Аз ҷумла, Тоҷикистон ва Қирғизистон омӯзиши муштараки сарҳадбонон ва афсарони полисро баргузор мекунанд, ҳуҷҷатҳои парвандаҳои тафтишшударо мубодила мекунанд ва дар байни сокинони манотиқи наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Тарафҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки музокироти шабеҳ дар як моҳ ду маротиба баргузор шавад.