Душанбе, 17 авг - Sputnik. То 20 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонсии ҳавошиносӣ хабар доданд.
Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
"Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошад", - омадааст дар хабарнома.
Ба сокинони ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ тавсия дода мешавад, ки аз моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин аз ронандагон даъват мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддӣ риоя намоянд.