Қӯшунҳои маршал Дӯстум ба Панҷшер равон шуданд

Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото
Нерӯҳои мухолифи таъсиси ҳокимияти Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) дар Афғонистон дар Панҷшер ҷамъ мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Як отряди мусаллаҳи генерал Абдулрашид Дӯстум ба вилояти Панҷшер раҳсипор шуд, хабар додааст як манбаи огоҳ аз Кобул ба РИА Новости.
Тақрибан 10 ҳазор ҷанговар бо фармондеҳашон ба ягона вилояте, ки аз Толибон озод аст, фиристода мешаванд.
Дар байни онҳо ҳам тобеони маршал ва ҳам дигар отрядҳо ҳастанд, ки аз таслим шудан ба Толибон саркашӣ кардаанд.
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех
Амруллоҳ Солеҳ худро роҳбари Афғонистон эълон кард
Қаблан Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо нашри як баёния ҳузури раҳбарони Афғонистонро дар ин кишвар рад карда буд.
Ҳамчунин ҳоло маълум нест, ки раҳбари диаспораи тоҷикони Афғонистон ва сиёсатмадори собиқ Атто Муҳаммади Нур дар куҷоянд.