Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Боз як марги дигар: дар Тоҷикистон шумори фавтидагон аз коронавирус ба 124 нафар расид

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта боз як нафари дигар аз коронавирус фавтидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 54 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 54 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 72 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат хабари нохуш додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар расид.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шуд, ки доруҳои арзону дастрас бар зидди коронавирус самаранок будаанд
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16175 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15828 (97,7%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.