Дар Душанбе Форуми ҳуши маснӯъӣ ба кор оғоз кард

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 65-солагии Конфронси Дартмун Форуми рушди ҳуши маснӯъӣ дар Тоҷикистон ба кор оғоз намуд
Sputnik
Душанбе, 17 август - Sputnik. Форуми мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва озмоишгоҳи ҳуши маснӯииtajrupt.ai баргузор шудааст.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Азизҷон Азимӣ, муассиси озмоишгоҳи tajrupt.ai, Ҷон Хеннесси, раиси Шӯрои мудирони ширкати Alphabet ва профессори Донишгоҳи Стэнфорд, Екатерина Клинова ва дигарон маърӯзачиёни форум мебошанд.
Форум искусственного интелекта в Таджикистане
Дар ҷараёни кори форум масоили мубрам ва навгониҳои вобаста ба пешбурди ҳуши маснӯъӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасии зиёда аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ, мутахассисони соҳаи зеҳни масунӯъӣ ва олимони Академияи илмҳо қарор мегирад.
Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди зеҳни ҳуши маснӯъӣ қабул карда мешавад. Ёдрас мекунем, ки 27 июл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар бораи таъсиси Шӯрои ҳуши маснӯъӣ дар назди Вазорати саноат фармон имзо кард.
Раиси Шӯро Азизҷон Азимӣ, муассиси аввалини маркази ҳуши маснӯъӣ дар Осиёи Марказӣ t.ai lab.таъин шуд.