ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Кобул фаъолияташро идома додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа.
“Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад”, — гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.
Рӯзи якшанбе иттилоъ расид, ки ҷангҷӯёни Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъд аз фирораш аз кишвар ба Тоҷикистон наомадааст.
"Ҳавопаймо бо оқои Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва ба қаламрави кишвар фуруд наомадааст", - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Вазорати умури хориҷа афзуд, ки Душанбе аз тарафи Афғонистон дархости дахлдор нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки 15 август, пас аз ишғоли Кобул аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон (созмони террористӣ, мамнӯъ дар қаламравиРусия) раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард.
Дар расонаҳо хабарҳое пахш шуданд, ки собиқ раҳбари Афғонистон гӯё ба Тоҷикистон, сипас ба Уммон рафтааст. Баъдтар маълум шуд, ки ҳавопаймои сиёсатмадор ба Тошканд фуруд омадааст.
Пас аз тарки Ғанӣ Афғонистон дар кишвар ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ бар уҳда дорад.
Қарор аст, раҳбари дафтари сиёсии Толибон дар Қатар мулло Бародар раҳбари Афғонистон таъин шавад.