ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба гуфт, барои берун бурдани шаҳрвандони Украина аз Афғонистон дар Душанбе намояндагии дипломатӣ тақвият дода шуд.
Вай гуфт, ки ҳангоми иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон аз 50 то 100 шаҳрванди Украина қарор доштанд.
Айни замон масъалаи берун кардани онҳо мавриди баррасӣ қарор дорад. Барои ин намояндагиҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон ва Покистон ҷалб карда мешаванд. Вазорати умури хориҷии Беларус низ дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот дод.
Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Беларус Анатолий Глаз дар шабакаи телевизионӣ қайд кард, ки намояндагии дипломатии Беларус дар Афғонистон вуҷуд надорад ва маслиҳат додааст, ки дар сурати зарурат бо сафорати Тоҷикистон тамос бигирад.
"Вазорати корҳои хориҷӣ рушди вазъи Афғонистонро назорат мекунад. Cафорати мо дар он ҷо нест. Аммо ҳамзамон ин кишварро сафорати Беларус дар Тоҷикистон назорат мекунад", - гуфтааст Глаз.
Дар ҳамин ҳол, ИМА, Ҷопон, Арабистони Саудӣ ва як қатор кишварҳои Аврупо тахлияи сафоратхонаҳоро эълон карданд. Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ба таври маъмулӣ фаъолияташро идома медиҳад.