Талоши сӯиқасд ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай: Толибон* ҷилавгирӣ карданд

Шаби гузашта ба хонаи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъи Sputnik Тоҷикистон, ҳамла аз ҷониби ашхоси мусаллаҳи номаълум сурат гирифт, ки аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон* ҷилавгирӣ карда шуд.
Гуфта шудааст, ки дар лаҳзаи ҳамла ба хонаи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон ҳузур додааст.
“Дар лаҳзаи ҳамла ба хонаи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон низ ҳузур дошт. Пас аз ҳозир шудани ҷангҷӯёни Толибон* ба ҷои ҳамлагарон аз ҷои ҳодиса нопадид шуданд”, - гуфт манбаъ
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки дар ин ҳамла кӣ даст доштааст ва чанд нафр осебу ба ҳалокат расидааст.
Исмоил Хон “Амири Ҳирот” ба шаҳри Машҳади Эрон рафт
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон