ДУШАНБЕ, 16 август - Sputnik. Манбаъ аз Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ба РИА Новостихабар додааст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ором аст.
"Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон вазъ ҳоло ором аст, талошҳои убури сарҳад аз ҷониби паноҳандагон ҳанӯз мушоҳида нашудааст",- гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар ҳоле, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) Кобулро ишғол карданд, сокинони маҳаллӣ бо шитоб шаҳрро тарк мекунанд. Тавре ки интизор мерафт, аксари онҳо мехоҳанд кишварро тарк кунанд.
Қаблан гурезаҳо аз Афғонистон аллакай ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда буданд. Дар сурати воридшавии нави шаҳрвандон аз Афғонистон ба Тоҷикистон, дар ВМКБ лагерҳо бунёд хоҳанд шуд.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи якшанбеи 15 август истеъфо дод ва кишварро тарк кард.