Расонаҳо мегӯянд, Ғанӣ дар Ӯзбекистон аст: Сафорат гуфт, чунин иттилоъро надорад

Расонаҳои ғарб ва араб мегӯянд, Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон парвоз кардааст. Дипломатҳои афғон дар Тошканд мегӯянд, чунин иттилоъро надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Сафорати Афғонистон дар Тошканд маълумот дар бораи онро, ки собиқ раисиҷумҳур, Ашраф Ғанӣ дар қаламрави Ӯзбекистон аст, дар ихтиёр надорад, хабар дод РИА Новости бо такя ба намояндаи Сафорат.
Ғанӣ тарки Афғонистон карданашро эълон дошта, афзуд, ки инро ба далели ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул анҷом дод. Ӯ маконашро нагуфт.
Нашрияи New York Times бо такя ба узви ҳайати музокиракунанда дар Доҳа хабар дод, ки Ғанӣ бо оила ва мушовиронаш ба Ӯзбекистон рафтааст. Баъдан муҳофизи собиқ раисиҷумҳур низ дар суҳбат бо шабакати телевизиони қатарии Аl-Jazeera таъйид кард, ки Ғанӣ дар Тошканд қарор дорад. Расмн ин маълумот то ҳол тасдиқ нашудаанд.
Талоши сӯиқасд ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай: Толибон* ҷилавгирӣ карданд
Толибон*, ки тамоми марзҳои Афғонистонро ишғол карданд, ахиран эълон доштанд, ки Кобулро низ гирифтаанду дар Кохи раисиҷумҳур қарор доранд.
Ҳоло онҳо ба ҷуз ду вилоят – Панҷшер ва Бомиён дар бақия 32 вилояти Афғонистон қудратро ба даст гирифтаанд.
Толибон* қариб 20 соли пеш 13 ноябри соли 2001 дар пайи як амалиёти бузурги эътилофи байнулмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Кобулро тарк карда буданд.
Қарор аст, имрӯз, 16 август, онҳо расман қудрат дар Афғонистон дар як маросим таҳвил бигиранд.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар