ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тайёраҳои низомии ба сӯи Ӯзбекистон парвоз карданд, иттилоъ медиҳад манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ дар яке аз ин тайёраҳо Бисмиллоҳхон Муҳамадӣ, вазири дифои Афғонистон ҳам ҳузур доштааст.
Манбаъ иттилоъ надорад, ки оқои Бисмиллоҳхон ба Ӯзбекистон барои ҳалли кадом масъала рафтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, шояд вазири дифоъ бар ояндаи неруҳои Афғонистон, ки ба тарафи Термизи Ӯзбекистон фирор карданд, рушанӣ андозад.
Гуфта мешавад, ки вазири дифои Афғонистон назди маршал Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур ба Ӯзбекистон рафта, то ба онҳо дар якҷоягӣ бо Толибон* дар мавриди ҳукумати оянда ва сулҳ дар ин кишвар гуфтугӯ кунанд. Вале дар ин бора иттилои дақиқе вуҷуд надорад.
Манбаъ таъкид кард, ки ҳоло вазъи сиёсии Афғонистон баъд аз суқути шаҳри Кобул норушан аст.
“Ҳадс чист, ки нисбат ба ин сиёсати ҷадиде, ки Толибон* ҳоло мехоҳанд бидуни мушорикат ва бидуни тафоҳум ҳукумати мавриди назари худро бисозанд. Онҳо мегӯян замони он гапҳо гузашта аст. Русия ва Осиёи Марказӣ чӣ фикр мекунанд дар ин бора?”, - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидин, бо фармони президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай сарпарасти вазорати корҳои дохилии Афғонистон таъйин шуд
Генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ соли 1961 дар деҳаи Рухаи вулусволӣ (ҳоло вилоят) – и Панҷшери вилояти Парвон ба дунё омада, фориғуттаҳсили мадрасаи олии Имом Абуҳанифаи Кобул ва Донишкадаи низомии Кобул аст.
Ў аз ёрон ва афроди мавриди эътимоди Аҳмадшоҳ Масъуд - Қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки дар синни 18 – солагӣ ба сафи муҷоҳидини ӯ пайвастааст.
Дар замони ҳукумати муҷоҳидин дар Кобул (1992 – 1996) фармондеҳи лашкари 40-и пиёда ва дар замони муқовимат алайҳи Толибон фармондеҳи умумии Горди миллии Давлати исломии Афғонистон таъйин шуд.
Ӯ яке аз фармондеҳони боризи Ҷаҳбаи Муттаҳиди Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони муқовимат бо Толибон буд ва нерӯҳои ҷабҳаро дар саросари шимоли Кобул фармондеҳӣ мекард.
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон* ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон