Барандаҳои Шоҳҷоиза ва ҷойҳои аввали "Андалеб - 2021" муайян шуданд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барандаҳои ҷои аввал, дуюм, сеюм ва шоҳҷоизаи Фестивал озмуни "Андалеб-2021" - ро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2021" ба ҳунармандони шаҳри Панҷакент сазовор дониста шуд, иттилоъ дод Вазорати фарҳанги кишвар.
Манбаъ афзуд, ҳаваскорони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Восеъ, шаҳри Ҳисор сазовори ҷои якум гардиданд.
"Ҳунармандони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Тоҷикобод, Рашт ва Муъминобод сазовори ҷои сеюм ва ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ёвон барандаи ҷои дуюм шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2021" дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
12 шарт: оғози "Андалеб - 2020" дар Тоҷикистон
Дар номинатсияҳои суруди ҳамсароён ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, рақси якка ҳунарманди ноҳияи Хуросон, бадеҳа ҳаваскорони шаҳри Турсунзода, навозиши якка ҳунармандони ноҳияи Варзоб, саҳначаи ҳаҷвӣ ҳаваскорони ноҳияи Рӯдакӣ, суруди анъанавӣ ҳунарманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, намоиши сару либоси миллӣ ҳунармандони шаҳри Панҷакент, порча аз анъанаҳои мардумӣ ҳаваскорони ноҳияи Рашт, суруди якка ҳунармандони ноҳияи Ҷаббор Расулов, суитаи овозию рақсӣ ҳунармандони шаҳри Панҷакент баромад намуданд.
Дар фарҷоми барномаи ҳунарӣ Давлатзода Зулфия Давлат, вазири фарҳанги Тоҷикистон барои иштирокдорон изҳори миннатдорӣ намуд. Барои иштироки фаъолона дар тарғиби фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ба як қатор ҳунармандон ва масъулини бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ тақдим шуданд.