Зодрӯзи Ҳабибулло Назаров ва Ҳабиб Аҳрорӣ: рӯзи 15 август дар таърих

Рӯзи понздаҳуми август дар Русия аз Рӯзи бостоншиносон ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 15 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1795 дар Фаронса пули нав – франк ба муомилот бароварда шуд.
Соли 1908 ба занони Пруссия ҳуқуқи дар мактабҳои олӣ таҳсил намудан дода шуд.
Соли 1945 дар ИМА меъёри муқаррарнамуда барои фурӯши бензин ва равғани мошин бекор карда шуд.
Соли 1950 дар Иёлати Ассами Ҳиндустон заминҷунбии 9- балла ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 1000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2000 нафар бе сарпаноҳ монданд.
Зодрӯзи Фидел Кастро ва Бобоқул Файзуллоев: рӯзи 13 август дар таърих
Соли 1992 дар Озарбойҷон пули нав – манат ба муомилот бароварда шуд.
Соли 2002 ширкати ҳавопаймои америкоии "National Airlines" дар бораи қарори худ, ки 11 сентябри ҳамон сол ҳамаи мусофиронашро бо арзиши рамзии 1 доллари америкоӣ интиқол медиҳад, хабар дод.
Соли 1877 ихтироъкор Томас Эдисон аввалин маротиба пешниҳод кард, ки ҳангоми суҳбат бо телефон калимаи "Нello" истифода бурда шавад.
Соли 1879 дар шаҳри Торонто аввалин Намоиши миллии Канада баргузор гардид

Рӯзи 15 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1935 аввалин Спартакиадаи кӯдакони Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор оид ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.
Соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ Эмомалӣ Раҳмон пули мошингарди миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ифтитоҳ намуданд.
Анвар Юнусов қаҳрамони ҷаҳон шуд: рӯзи 12 август дар таърих
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайраро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 август

Дар Ҳиндустон – Рӯзи истиқлолият.
Дар Конго – Рӯзи истиқлолият.
Дар Коста-Рика –Рӯзи модар.
Дар Россия — Рӯзи бостоншиносон.

Рӯзи 15 август кӣ дар Тоҷикистон ба дунё омадааст

Солҳои 1907-1978 – нависанда Ҳабибулло Назаров.
Солҳои 1913-1983 – тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ.
Соли 1919 – рассом, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Сироҷиддин Нуриддинов.
Солҳои 1936 -2011 – ҳунарманди театр ва кино Бурҳон Раҷабов.
Соли 1939 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов.