ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ наворе сабт намуда, сокинони Кобулро мутмаин кардааст, ки амнияти онҳо таъмин аст.
Ин наворро Вазорати мудофиаи кишвар дар ҳоле нашр кардааст, расонаҳо аз вуруди Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба пойтахт, шаҳри Кобул хабар доданд.
"Мардуми шарифи Кобул. Ман ба намояндагӣ аз нерӯҳои дифоии Афғонистон ба ҳамаи шумо итминон медиҳам, ки амнияти Кобул таъмин аст, нерӯҳои дифоӣ ва амниятии шумо дар дифоъ аз Кобул муттаҳид ҳастанд", - изҳор доштааст вай.
Ҳамчунин, вазир изҳор доштааст, ки Ашраф Ғанӣ тамоми салоҳиятҳоро ба "бузургон вогузор кард".
"Дирӯз раисҷумҳури Афғонистон як маҷлис бо бузургҳои Афғонистон дошт ва дар он тамоми салоҳиятҳои худро ба онҳо вогузор кард", - таъкид кардааст Бисмиллоҳхон.
Ба қавли вазир, ин салоҳият то дамест, ки дар Доҳа дар мавриди сулҳи Афғонистон ба тавофуқ расанд. "Ин ҳайъат қарор аст, фардо ба Доҳа раванд, дар он ҷо рӯи масъалаи Афғонистон ба як тавофуқ бирасанд", гуфтааст вазир.
Ӯ дар анҷом бори дигар таъкид кардааст, ки "то он замоне ки як тавофуқ дар Кобул ва Афғонистон суръат нагирад, ман ба ҳамаи шумо итминон медиҳам, ки амнияти Кобул таъмин аст".