ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Ашраф Ғанӣ аз мақоми президенти Афғонистон истеъфо дод, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба манобеи худ.
Феълан, ин иттилоъ расман тасдиқ наёфтааст.
Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки қудрат ба дасти собиқ вазири корҳои дохилии Афғонистон, собиқ сафири Афғонистон дар Олмон, генерали мустаъфӣ Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ мегузарад.
Ҳамчунин гузоришҳо дар бораи омода кардани ҳавопаймо барои Ғанӣ вуҷуд дорад, то ӯ бидуни мамониат кишварро тарк кунад.
Қаблан маълум шуд, ки як ҳайати Толибон ба қасри раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул омадааст, то бо ҳукумат гуфтушунид кунад, намояндагони ИМА ва НАТО низ дар ин нишастҳо ҳузур доштанд.